ДАР БОРАИ МО

Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (TAJMMAF) 

Мақсади асосии Федератсияи TAJMMAF рушд ва оммавигардонии санъати муҳорибаи омехтаи ғайрикасбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои варзишгарони ҷавону наврас, баланд бардоштани фарҳанги ММА, инчунин тарғиби тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад.

Рушд ва таърихи TAJMMAF

2016

Ташаккулёбии TAJMMAF Иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии IMMAF дар Лас Вегас, ИМА Ташрифи Емеляненко ба Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрии Федератсия

2017

Ташрифи қаҳрамони вазни сабуки UFC Хабиб Нурмагомедов ва падари ӯ Абдуманап Нурмагомедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони фахрӣ

Ташрифи яке аз беҳтарин доварони ҷаҳон Ҳерб Дин ба Тоҷикистон Меҳмони фахрии Тоҷикистон қаҳрамони собиқи UFC дар вазни вазнин Фрэнк Мир

Иштирок дар Чемпионати ҷаҳонии IMMAF дар Манама, Баҳрайн

Ба даст овардани Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2019

Гирифтани Шаҳодатномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ Ифтитоҳи намояндагии Федератсияи TAJMMAF дар шаҳрҳои Душанбе

2020

Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехта ва панкратиони Ҷумҳурии Қирғизистон

Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи муттаҳидаи санъати муҳорибаҳои омехта дар Қазоқистон

Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Қабули Конститутсияи Конфедератсияи ММА-и Осиёи Марказӣ аз ҷониби федератсияҳои ММА-и Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон

Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб намояндагиҳои минтақавии Федератсияи TAJMMAF кушода шуданд

Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва мубориза бо допинг байни Федератсияи санъати муҳорибаи омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҷоми шаҳри Душанбе оид ба ММА-и ғайрикасбӣ баргузор шуд

Баргузории Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба MMA -и ғайрикасбӣ бо иштироки меҳмони фахрии федератсия – Президенти IMMAF ҷаноби Керрит Браун

Сарфароз гардонидани аъзоёни TAJMMAF бо шаҳодатномаҳои дараҷаи байналмилалӣ аз ҷониби Агентии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) барои гузаштани курси таълимии фосилавӣ оид ба "Тандурустӣ ва мубориза бо допинг" ва супоридани имтиҳон

Тасдиқи Қоидаҳои ягонаи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби TAJMMAF

Таҳияи брендбуки расмии TAJMMAF

Кушодашавии сомонаи расмии TAJMMAF Истеҳсоли либоси варзишӣ бо нишонаи TAJMMAF