11-13 декабри соли 2020 Федератсияи TAJMMAF аввалин Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбиро баргузор кард.
Дар ин чемпионат ду категорияи синнусолии ҷавонон (18-20 сола) ва калонсолон (18+) иштирок карданд, ки шумораи онҳо ба 155 нафар баробар буд.
Ғолибони чемпионат аз ҷониби TAJMMAF бо медалҳо, дипломҳо, тӯҳфаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.