Маъракаи ниҳолшинонӣ

2021-02-07 00:00:00

Дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бо ташаббуси Раиси Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳм гузоштан баҳри ободониву кабудизоркунӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид. Дар рафти ин иқдом беш аз 400 бех ниҳолҳои арча дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби кормандон ва варзишгарони федератсияи номбурда шинонида шуд.