БОРИ АВВАЛ ДАР ТАЪРИХӢ ТОҶИКИСТОН ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН 4 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДААНД

2021-08-31 00:00:00

Аз 30 июл то 1 август дар Ҷумҳурии Булғористон, ш. София, "ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН БАЙНИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН IMMAF 2021" баргузор шуд!

Варзишгарони мо низ дар ин Чемпионат иштирок варзиданд ва аввалин бор дар таърихи Тоҷикистон дар ММА 1 медали тилло ва 3 медали биринҷи ба даст овардаанд.

Чемпионат дар сатҳи баланд ташкил шуд, иштирокчиён аз кишварҳо, давлатҳои гуногун буданд ва албатта рақобати пурқувват буд, аммо ин барои варзишгарони мо монеа нашуд, ба шарофати омодагии хуб ва тамринҳои сахт онҳо ба ҳадафи худ расиданд